Нақши Эрон дар тавсеаи масири шарқии каридори Шимол - Ҷануб
(last modified Sat, 20 Jul 2024 12:40:16 GMT )
Июл 20, 2024 17:40 Asia/Dushanbe
  • Нақши Эрон дар тавсеаи масири шарқии каридори Шимол - Ҷануб

Сервиси матбуотии вазорати ҳамлу нақли Қазоқистон эълом кард, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Туркманистон нақшаи роҳи тавсеаи ҳамзамони потансиали масири шарқии каридори ҳамлу нақли байналмилалии Шимол - Ҷануб (INSTC) дар солҳои 2024 – 2025-ро имзо карданд.

Ин санад дар аввалин маҷмаи тиҷорату содироти ҳамлу нақли Шимол - Ҷануб дар Октай, Қазоқистон имзо шуд. Дар ин маҷмаъ беш аз 440 ширкаткунанда аз 12 кишвар, намояндагони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё ҳузур доранд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дар эъломия омадааст, ки иҷрои ин санад имкони афзоиши тавони амалиётии каридорро ба 15 миллион тон дар сол то соли 2027 ва ба 20 миллион тон то соли 2030 мерасонад.

Вазорати ҳамлу нақли Қазоқистон дар ин иртибот эълом кард, ин кишвар қасд дорад, ба мушорикати фаъоли худ дар тавсеаи шохаи шарқии каридори Шимол - Ҷануб идома диҳад, ки болотарин потансиали рушди ҷараёни маҳмуларо то соли 2030 дорад ва ҳамчунин амнтарин дар кӯтоҳтарин масири транзит ба Уқёнуси Ҳинд аст, ба ҳамин далел лозим аст, амалиёти иҷрои нақшаи роҳи имзо шуда дар заминаи тавсеаи ҳамзамони потансиали масири шарқии каридори Шимол - Ҷануб аз қаламрави Қазоқистон, Русия, Туркманистон ва Эрон оғоз шавад.