Январ 11, 2017 15:31 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Қазоқистон барои мизбонии музокироти Сурия

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард, ин кишвар омодаи мизбонии музокироти сулҳи Сурия аст.

Ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, вазири умури хориҷаи Қазоқистон рӯзи сешанбе дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар бораи пешгирӣ аз даргирӣ ва сулҳи пойдор, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба аҳаммияти талошҳои муштарак дар заминаи дипломатияи пешгирона, тақвияти эътимодсозӣ ва манъи ишоаи таслеҳоти куштори ҷамъӣ, ҳаллу фасли даргириҳо ва муқобила бо терроризми байналмилалӣ маътуф кард. Бар асоси ин гузориш, музокироти сулҳи Сурия қарор аст, 23 январ дар Остона баргузор шавад .

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидони минтақаии Вашингтон барои сарнагун кардани давлати қонунии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия оғоз шуд .