Июл 24, 2024 12:39 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Маҷористон ҳамкорӣ дар заминаи ҳавонавардӣ

Тоҷикистону Маҷористон ҳамкорӣ дар заминаи ҳавонавардиро тавсеа медиҳанд.

Дар шаҳри Душанбе, Ҳабибуллоҳ Назарзода, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мате Ловингер, Директори генералии Агентии авиатсияи граждании Маҷористон дидору гуфтугӯ кард, ки дар он мавзӯи тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаи ҳавонавардӣ, аз ҷумла ифтитоҳи масирҳои ҷадиду густариши масирҳои парвозӣ мавриди баҳс қарор гирифт, тарафайн матни пешнависи тавофуқномаи ҳамкориро мавриди баррасӣ ва тавофуқ қарор доданд. Ҳайатҳо аҳдофи муштараки худро барои афзоиши бештари зарфият барои тарвиҷи тақозои сафар байни Маҷористону Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйд карданд.