Июл 29, 2024 10:45 Asia/Dushanbe

Бар асоси омори гумрук, тиҷорати Эрон бо Туркманистон дар 4 моҳи нахусти имсол бо афзоиши 4 дарсадӣ, ба ҳудуди 156 миллион доллар расид.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, содироти Эрон ба Туркманистон дар соли 1402 беш аз 450 миллион доллар буд.   

Ба гуфтаи мудири кулли Осиёи Миёна, Қафқоз ва Русияи Созмони тавсеаи тиҷорат, ҳадафгузорӣ шудааст ин адад ба як миллиард доллар бирасад.

Маҳсулоти ҳавзаи санъату маъдан, саноеи ғизоӣ ва кишоварзӣ умдаи колоҳои содиротии Эрон ба Туркманистон ҳастанд.

 

 

Барчасп