Роҳёбии муштзани тоҷикистонӣ ба марҳалаи ниманиҳоии Бозиҳои олимпии 2024 Порис
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i116492-Роҳёбии_муштзани_тоҷикистонӣ_ба_марҳалаи_ниманиҳоии_Бозиҳои_олимпии_2024_Порис
Давлат Болтаев, муштзани тоҷикистонӣ ба марҳалаи ниманиҳоии Бозиҳои олимпии 2024 Порис роҳ ёфт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 03, 2024 13:22 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии муштзани тоҷикистонӣ ба марҳалаи ниманиҳоии Бозиҳои олимпии 2024 Порис

Давлат Болтаев, муштзани тоҷикистонӣ ба марҳалаи ниманиҳоии Бозиҳои олимпии 2024 Порис роҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Давлат Болтаев дар ин сабқат, ки хеле бошиддат доир шуд, ба Ҷек Марли — варзишгари ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 ғалаба намуд ва ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Муштзани шинохтаи тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоӣ барои баромадан ба финал бо варзишгари узбекистонӣ вориди ринг мешавад.

Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 баромаданд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқаи сатҳи баланд мебошанд.