Август 02, 2016 12:54 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Русия вориди Қазоқистон шуд

Вазири дифои Русия бо ҳадафи баррасии авзои минтақаӣ ва тазмини амнияти хутути марзӣ ба Остона сафар кардааст ва ба зудӣ бо ҳамтои қазоқистониаш дидор мекунад.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба манзури музокира дар бораи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ва масоили амниятӣ бо ҳамтои қазоқистонии худ вориди ин кишвар шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, назорат ва баррасӣ бар авзои ғайрипешбинишавандаи кунунӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва афзоиши тадобир ба манзури тазмини амнияти хутути марзӣ аз аҳдофи ин сафар эълом шудааст.

Русия ва Қазоқистон илова бар доштани муносиботи наздики дуҷониба, аз аъзои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) ҳастанд.

Кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон низ дар ин паймон узвият доранд.

Мақомоти рус эълом карданд, Сергей Шойгу дар дидор бо Имонқулӣ Тасмангамбетов, ҳамтои қазоқистониаш дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба, шомили ҳамкориҳои фаннӣ ва низомӣ дар бахшҳои мушорикати роҳбурдии ду кишвар баҳсу табодули назар хоҳад кард.

Барчасп