Август 05, 2024 18:44 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Тағйири номҳои русӣ ва туркии шаҳрҳои Тоҷикистон ба форсӣ

Бо тадовуми тағйири номҳо, Тоҷикистон ҳувияти таърихии худро бозёбӣ мекунад.

Тоҷикистон номҳои русӣ ва туркии шаҳрҳоро ба форсӣ-тоҷикӣ тағйир медиҳад.

Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳаллии Тоҷикистон баён кард, ки токунун номи беш аз 174 минтақаи маскунӣ, ки решаи тоҷикӣ-форсӣ надоштанд, тағйир карда ва барномае барои тағйири номи беш аз 300 минтақа дигар низ дар дасти иҷро аст.

Ӯ гуфта, ки дар маҷмӯъ номҳои 7682 минтақаи ҷуғрофиёӣ ва 4911 минтақаи маскунӣ тағйир хоҳад ёфт. Ин раванд аз соли 2015 оғоз шудааст ва намунаҳое монанд тағйири номи шаҳри Чкаловск ба Бустон нишон аз бозгашти ба номҳои тоҷикӣ ва форсӣ дорад.

Хабари тағйири номи манотиқ дар Тоҷикистон, нишон аз талоши давлати ин кишвар барои эҳёи ҳувияти миллӣ ва задудани осори даврони Шӯравӣ аз нақшаи ин кишвар аст.

Ин иқдом, бо таваҷҷуҳ ба таърихи пурфарозу нишеби Тоҷикистон ва таъсироти амиқи Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ бар фарҳанг ва забони ин кишвар, аз аҳаммияти вежае бархӯрдор аст. Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст то номи бисёре аз шаҳрҳо ва рустоҳои кишварро, ки дар даврони Шӯравӣ ба забонҳои русӣ, туркӣ ва дигар забонҳо тағйир карда буд, ба забони аслии тоҷикӣ баргардонад.

Ҳадаф аз ин кор, эҳёи ҳувияти миллӣ ва фарҳанги Тоҷикистон ва пок кардани радди пои даврони Шӯравӣ аз нақшаи ин кишвар аст. Токунун номи беш аз 174 минтақа тағйир карда ва қарор аст, номи ҳудуди 300 минтақаи дигар низ тағйир кунад. Давлати Тоҷикистон эълом кардааст, ки раванди тағйири номҳои русӣ, туркӣ, ӯзбакӣ ва қирғизии шаҳрҳо ва манотиқи мухталифи ин кишвар, ки дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ эъмол шуда буд, ба забони форсӣ идома хоҳад ёфт.