Душанбе замони лағви раводид байни Тоҷикистону Эронро эълом кард
(last modified Tue, 06 Aug 2024 13:55:11 GMT )
Август 06, 2024 18:55 Asia/Dushanbe
  • Лағви раводид байни Тоҷикистону Эрон
    Лағви раводид байни Тоҷикистону Эрон

Давлати Душанбе аз оғози иҷрои Тафоҳумномаи лағви раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон хабар дод.

Шуруъ аз 10 августи соли 2024 (20 мурдоди 1403) Тафоҳумномаи  лағви раводид миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дорандагони шиносномаҳои оддии хориҷии ду кишвар, ба мавриди иҷро гузошта мешавад.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин хусус котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар додааст.

Бар асоси ин тафоҳумнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки дорои шиносномаҳои оддии хориҷӣ ҳастанд, ҳақ доранд дар бозаи замонии 90 рӯза аз лаҳзаи вуруд ба кишвари мақсад, бидуни дарёфти раводид 30 рӯз иқома дошта бошанд.

Низоми бидуни раводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.