Август 07, 2024 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Узбакистон дар соҳаи об
    Ҳамкории Тоҷикистону Узбакистон дар соҳаи об

Тоҷикистону Узбакистон барои таъмини мардуми минтақа бо оби ошомиданӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳафтумин нишасти коргурӯҳи муштараки истифода аз манобеи обии рӯдхонаҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ байни Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва манобеи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вау Шавкат Ҳамроев, вазири манобеи оби ҷумҳурии Узбакистон дар ҳафтумин нишасти коргурӯҳи муштараки истифода аз манобеи обии рӯдхонаҳои фаромарзии Осиёи Миёна байни Тоҷикистону Узбакистон ширкат карданд.

Дар ин нишаст имкони иҷрои пружаҳои ҷадиди муштарак байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳавзаи об мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Тарафайн, ба вижа мавзӯи истифода аз манобеи обии дарёчаи Сарезро барои таъмини оби ошомидании солими кишварҳои минтақа матраҳ карданд.

 

Барчасп