Амалӣ шудани лағви раводид байни Тоҷикистон ва Эрон; паёми ҳамдиливу ҳамзабонӣ
Дабири матбуотии вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиётеро дар бораи амалӣ шудани лағви раводид барои дорандагони гузарномаи одӣ байни давлатҳои Тоҷикистону Эрон баён кард.
Ба гузориши “Тобнок”, Шоҳин Самадӣ, дабири матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки аз 10 августи соли 2024 (20 мурдоди 1403), тафоҳумнома байни давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Эрон дар мавриди лағви раводид барои дорандагони гузарномаи одӣ иҷро хоҳад шуд.
Хабаргузории расмии Тоҷикистон – “Ховар” гузориш дод: Бар асоси ин тафоҳумнома, дорандагони гузарномаҳои одии ҳар ду кишвар ҳақ доранд дар бозаи замонии 90 рӯза, аз лаҳзаи аввалин вуруди худ ба муддати 30 рӯз бидуни виза ба қаламрави тарафайн сафар кунанд.
Низоми бидуни раводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Пештар Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе тафоҳумномаи лағви раводидро барои афзоиши тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ байни шаҳрвандони ду кишвар дорои аҳамият хонда ва бар омодагии маҷлиси Тоҷикистон барои бистарсозии ҳуқуқӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳо таъкид карда буд.
Бидуни шак имзои тафоҳумномаи ҳамкории лағви раводид миёни ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон аз абъоди мухталиф дар наздикии ду миллат нақши босазое дорад.
Ин рӯзҳо ба эътиқоди коршиносон, қаробату пайванди деринаи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон бистаре муносиб барои тавсеаву таъмиқи равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф миёни Теҳрон - Душанбе эҷод кардааст, ба тавре ки таомулоти ду кишвар бо вуҷуди сангандозиҳои хориҷӣ дар ҳоли густариш аст.
Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирокоти фаровони таърихӣ, динӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонӣ бархӯрдоранд.
Ҳузури пурранги Эрон дар бозсозии Тоҷикистон низ, аз ҷумла дар саҳнаҳои иқтисодии ин кишвар, ба вижа нақби “Истиқлол” ва неругоҳи “Сангтӯда -2” ҳам бар равобити танготанги ду кишвар афзудааст. Ва тасҳил дар табодулоти мухталифи фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавонад дастовардҳои дурахшонеро дар корномаи равобити ду кишвар дар пай дошта бошад.