Август 09, 2024 19:56 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 9 август дар нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Остонаи ҷумҳурии Қазоқистон ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз “Ховар”, вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Миёна дар хусуси масоили марбут ба тақвияти равобити сиёсиву тавсеаи ҳамкориҳои минтақаии чандҷониба, аз ҷумла дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ, ҳамлунақл ва тавсеаи зерсохтҳо, фанновариву иртиботот, потенсиали “иқтисоди сабз” ва ҳамчунин равобити фарҳангиву башардӯстона ва инчунин дар мавриди дастури кори равобити байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Вузарои хориҷа бар сари пешнависи дастури кору феҳристи ниҳоии асноди нишасти машваратии баъдии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тавофуқ расиданд.