Август 09, 2024 20:19 Asia/Dushanbe
  • Нишасти коргурӯҳи созмондеҳии амалиёти зиддимухаддаротӣ баргузор шуд

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон нишасти коргурӯҳи созмондеҳии амалиёти зиддимухаддаротӣ ва соири ҳавзаҳои фаъолият дар чорчӯби Шӯрои ҳамоҳангии руасои ниҳодҳои зидахли мубориза бо қочоқи маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ин нишаст намояндагони дабирхонаи Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ, мақомоти мубориза бо терроризми ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ҳузур доштанд.

Дар ин нишаст дар бораи иҷрои амалиёти зерминтақаи зиддимухаддаротӣ бо номи машрути “Канали Авангард” бо истиқрори Ситоди ҳамоҳангии байналмилалии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дувуми соли 2024 баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст вазъияти маводи мухаддир дар шашмоҳаи нахусти соли 2024 дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп