Август 14, 2024 13:48 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Тавсеаи хутути роҳи оҳани Тоҷикистон// мазоё ва манофеъ
    Тафсир : Тавсеаи хутути роҳи оҳани Тоҷикистон// мазоё ва манофеъ

Бар асоси тавофуқномаи ҷадиди имзо шудаи байни Тоҷикистон ва Кареяи ҷанӯбӣ , Тоҷикистон дар ҳоли тавсеаи роҳи оҳан то марзи Афғонистон аст .

Азиз Иброҳимӣ , вазири тронспўрти Тоҷикистон ҳадаф аз сохти ин роҳи оҳанро расидан ба бозорҳои кишварҳои ҷануби Осиё аз ҷумла Афғонистон , Покистон ва Ҳинд донист .

Вай афзӯд : Дар сӯрати иҷрои муваффақиятомез ин тарҳ , тиҷорати коло бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш меёбад ки барои Тоҷикистон ва соири кишварҳои минтақа суди зиёдӣ хоҳад дошт . Шоёни зикраст муддати иҷрои ин пружа се сол ва ҳазинаи он чаҳор миллион доллар баровард шудааст .« Азими Иброҳӣм » вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳадафи аслии ин пружаро дастрасӣ ба бозорҳои кишварҳои ҷануби Осиё ( Афғонистон , Покистон , Ҳинд ) эълом кард .

Тӯли ин роҳи оҳан то марзи Афғонистон тақрибани 51 километр хоҳад буд ва дар муддати се сол бо ҳазинаи чаҳор миллион доллар сохта мешавад .Ин роҳи оҳан бахше аз пружаи роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон ( TAT )аст ки дар ҷараёни нишасти се ҷонибаи руасои ҷумҳӯри се кишвар дар 20 марти 2013 дар пойтахти Туркманистон ба имзо расид .

Интизор меравад ин роҳи оҳани шаҳр « Оқина - Андхой » дар Афғонистонро ба « Отомурот - Имоназар » дар Туркманистон ва « Панҷ » дар Тоҷикистон муттасил кунад. Зерсохтҳои рейлии Тоҷикистон тавсеа наёфтааст ва дар айни ҳол барои тиҷорати байналмилалии ин кишвар ҳаётӣ мебошад . Ба назар мерасад Тоҷикистон ба дунболи тавсеаи зерсохтҳои рейлӣ дар Осиёи Марказӣ аст .

Ин кишвар ба дунболи 7 . 5 миллиард доллар ( 7 миллиард евра ) сармоягузорӣ барои шабакаи рейлии худаст . Зерсохтҳои рейлии Тоҷикистон тавсеа наёфтааст ва дар айни ҳол барои тиҷорати байналмилалии ин кишвар ҳаётӣ мебошад .Пеш аз ин вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон дар як маҷмаъи иқтисодӣ дар шаҳри Казани Русия эълом карда буд ки ин кишвар барои беш аз 10 пружеи тавсеаи муҳими шабакаи рейлии худ барнома дорад ки ҳудӯди 7 . 5 миллиард доллар ҳазина хоҳад дошт ва ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба дунболи сармоягузор аст .Тоҷикистони кишвари кӯҳистонӣ бо шабакаи роҳи оҳан тавсеа наёфтааст . Тӯли кули роҳи оҳани ин кишвар ба камтар аз ҳазор километр мерасад .

Ба гуфта вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон , роҳи оҳан нақши муҳиммӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ифо мекунад ва “ муҳимтарин шохаи стротежики Тоҷикистон “аст ки 70 дарсади кули воридоту содиротро бар ӯҳда дорад .Ба гуфтаи вазири ҳамлу нақли ин кишвар , 10 каридури авлавиятдор аз хоки Тоҷикистон шиносоӣ шудааст . Вай гуфт : тавваҷуҳи вижа ба тавсеаи каридурҳои иқтисодӣ ва чанд ваҷҳа дар Тоҷикистон , кишварҳои ҷануби шарқи Осиёро бо Осиёи Марказӣ , Русия , Эрон , Туркия ва соири кишварҳои аврупоӣ муттасил мекунад ва дастрасӣ ба дарёро тазмин мекунад ва ҳамчунин Тоҷикистон метавонад дар иттисоли Чин ба каридури ҳамлу нақли байналмилалии шимол - ҷануб нақш дошта бошад.

Ба гуфтаи коршиносон бо ин хати оҳани ҷадид , ҳамлу нақли колоу ва маҳсӯлот бо кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон афзоиш меёбад ки на танҳо барои ин кишвар балки барои соири кишварҳои минтақа бисёр муфид хоҳад буд .Гуфта шуда тӯли роҳи оҳан то марзи Афғонистони ҳудӯди 51 километр хоҳад буд. Ким Ҷун Сик , дипломоти Кареяи ҷанӯбӣ дар Тоҷикистон гуфтааст ки ин пружа гомӣ ба сӯи ояндаи мураффақ барои Тоҷикистон аст .Ба гуфта ин дипломати барҷаста , ин пружа ба Тоҷикистон имкон медиҳад ба як ҳалқаи калидӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ табдил шавад . Ӯ ҳамчунин гуфт ки ин пружаи сохти роҳи оҳан аввалин пружаи Кареяи ҷанӯбӣ дар Осиё Марказӣ аст .

Ин дипломат иброз умедворӣ карда ки ин пружа зарфи се соли оянда ба таври комил иҷроӣ шавад .Афғонистон низ ҳарчанд ба хотири авуқеъият стротежик метавонад иттисоли минтақаӣ тиҷорати миёни Осиёи Миёна ва Осиёи ҷанӯбиро рақам бизанд ; Аммо пас аз ҳокимияти дубораи Толибон тамоми пружаҳои зербиноӣ мутаваққиф шуданд . Вале бо тавваҷуҳ ба сиёсати хориҷӣ « иқтисодмеҳвари » Толибон ба назар мерасад бори дигар дар ҳоли шаклгирӣ аст .