Наҷоти 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти одамрабоён дар Теҳрон
Раиси полиси огоҳии Теҳрони бузург изҳор кард: Дар пайи ташкили парвандае бо мавзӯъи рабоиши 4 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути гурӯҳе аз қочоқчиёни байналмилалӣ дар мавзӯъи қочоқи инсон мавзӯъ барои расидагӣ дар дастури кори полиси огоҳии Теҳрони бузург қарор гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Алии Валипури Гударзӣ бо эъломи ин хабар афзуд , ин чаҳор фарди рубудашуда дар ибтидо ба сурати қонунӣ вориди Эрон шуда аммо дар идома қасд доштанд бо истифода аз қочоқчиёни инсони худро ибтидо ба кишварҳои аврупоӣ ва дар ниҳоят ба Амрико бирасонанд; аммо пас аз вуруд ба Теҳрон тавассути қочоқчёни инсон рабуда шуда ва дар ивази озодии онҳо чанддаҳ миллиард тумон талаб карда буданд.
Раиси полиси огоҳии Теҳрони бузург афзуд : Дар замони иҷрои амалиёти озодӣ ҳар чаҳор шаҳрванди хориҷии гаравгонгирифташуда бидуни ҳар гуна осебе наҷот пайдо карда ва дар идома 5 нафар аз қочоқчиёни инсон бо тобеъияти ғайриэронӣ низ дастгир шуданд, ки дар ҳини дастгирӣ 3 нафар аз онҳо, ки бо таҳдиди силоҳи сард қасди ба хатар андохтани ҷон гаравгонҳоро доштанд, мавриди ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.