Август 21, 2024 10:51 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои бонкӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария

Тақвияти ҳамкориҳои бонкӣ байни Тоҷикистону Швейтсария мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Шараф Шерализода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, рӯзи 19 август бо Томас Йордан, раиси Бонки миллии Швейтсария дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ба нақл аз вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистону Швейтсария гуфтугӯ карданд.