Боздиди ҳайати донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Эрон аз музеии миллии Тоҷикистон
Ҳайати аз донишгоҳи улумпизишкии шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарпарастии доктори Алиризои Золӣ, раиси ин донишгоҳ аз музеии миллии Тоҷикистон боздид карданд ва бо таърих ва тамаддуни мардуми Тоҷикистон ошно шуданд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, боздидкунандагон дар толорҳои намойишгоҳи музеии миллӣ бо давраҳои тарихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик аз ҷумлаи осори даврони ҳаҷар, асри мафрағ, фарҳанги зартуштӣ, ҳахоманишиён, юнонӣ-бахтиёриён, кушониҳо ва сосониён ошно шуданд ва аз ёфтаҳои нодири Панҷакент ва Истаравшани бостонӣ, насхи хаттӣ ва чопи сангии ниёкон ва осори нодири ин давра боздид карданд .
Доктори Алиризои Золӣ, раиси донишгоҳи улумпизишкии шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз боздид аз салонҳои намоишгоҳ, назароти худро дар китоби меҳмонони ифтихории музеи миллӣ навишт.