Август 28, 2024 13:02 Asia/Dushanbe
  • Аввалин мусобиқоти гуштини қаҳрамонии ҷаҳон дар Душанбе

Аввалин мусобиқоти гуштини қаҳрамонии ҷаҳон дар Душанбе баргузор мешавад.

Аввалин давраи мусобиқоти гуштини қаҳрамонии ҷаҳон аз 28 то 31 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа, ки бар асоси тасмими Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баргузор мешавад, беш аз 200 варзишкор аз 60 кишвари ҷаҳон дар он ширкат мекунанд. Гиштингирон дар 9 вазн – 3 вазн барои занон ва 6 вазн барои мардон бо ҳам рақобат мекунанд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, сандуқи ҷоизавии мусобиқот 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ 18 нафар – дар ҳар вазн дунафарӣ иштирок мекунанд.

Рамзи мусобиқоти ҷаҳон оид ба гуштингирӣ бабри барфӣ интихоб гардид.