Сентябр 04, 2024 19:40 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии ҳиндиҳо барои сармоягузорӣ дар манобеи обии Тоҷикистон

Дар Душанбе мавзуоти сармоягузории ширкати ҳиндии «WAPCOS Limited» дар заминаи энержии обӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон дар соҳаи обу гидроэнергетика ва инфрасохтор «WAPCOS Limited» Агравал Р дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон татбиқи лоиҳаи КАСА-1000-ро дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.

Барчасп