Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши иқтисодии шарқ дар Рӯсия
Намояндагони Тоҷикистон дар нуҳумин ҳамоиши иқтисодии шарқ дар Владивосток ширкат карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Фаррух Юсуфзода, муовини аввали раиси кумитеи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рухшона Насриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳумин ҳамоиши иқтисодии шарқ дар Владивостоки Федератсияи Русия ширкат карданд .
Ин ҳамоиш бо ҳузури созмонҳои бузурги минтақаи ва ҷаҳонӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ ва ҳамчунин намояндагони касбу корҳои кучак ва миёна баргузор шуд .
Ҳамкорӣ дар заминаҳои саноеъ, зерсохт, кишоварзӣ, энергетика, хадамот, фанноварии иттилоот ва дигар ҳавзаҳои авлавиятдор мавриди баҳсу барраси қарор гирифт .