Ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар риштаҳои мухталиф дар Олмон
Ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар риштаҳои мухталиф дар Олмон баррасӣ шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW International) Андреас Ян ва Мудири генералии ширкати «Janser Consult GmbH» Сергей Серебранский мулоқот намуд.
Ба навиштаи сомонаи «Ховар»,зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, доир намудани чорабиниҳо оид ба муаррифии зарфияти иқтисодии Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ карданд.Ҷонибҳо инчунин масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро барои омӯзиши касбҳои гуногун дар Олмон баррасӣ намуданд.
Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон иттиҳодияи мустақиле аст, ки манфиатҳои беш аз 3,3 миллион ниҳоди соҳибкории хурду миёна дар Олмонро намояндагӣ мекунад. BVMW бо намояндагиҳои хориҷии худ дар зиёда аз 75 кишвари ҷаҳон ба соҳибкорони олмоние, ки мехоҳанд дар хориҷа тиҷорат пеш баранд, мусоидат менамояд.