Сентябр 19, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • Баргузории машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе

Рӯзи гузашта машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши Ховар ба нақл аз вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 сентябр дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон машваратҳо дар самти фаъолияти таҳлилию пажуҳишӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ доир гардиданд.

Дар ин машваратҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти таҳлилии ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат, инчунин таҳаввулоти минтақавию байналмилалӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахши пажуҳишҳои сиёсӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Барчасп