Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард
Рӯзи 22 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард.
Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар раисиҷумҳурро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.