Сафири Тоҷикистон дар дохили мошини сафирони мунфаҷиршуда ҳузур надошт
(last modified Tue, 24 Sep 2024 04:49:39 GMT )
Сентябр 24, 2024 09:49 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши ВКХ -и Тоҷикистон дар бораи инфиҷори мошини сафирон дар Покистон
    Вокуниши ВКХ -и Тоҷикистон дар бораи инфиҷори мошини сафирон дар Покистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахбори расонаҳо дар бораи ҳузури сафири ин кишвар ҳангоми ҳамлаи террористӣ дар Исломободро рад кард.

Ба гузориши “Спутник”, қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки вақте дар Покистон як ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, сафири Тоҷикистон дар ҷамъи сафирони дигар кишварҳо ҳузур дошт.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт: Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода дар ҳайати сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки барои ширкат дар як форуми гардишгарӣ ба водии Свот сафар мекарданд, ҳузур надошт.

Юсуф Шарифзода аз моҳи июни соли равон ба ин сӯ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон аст.

Қаблан расонаҳои покистонӣ хабар дода буданд, ки мошини ҳомили як ҳайати сафирони хориҷӣ, ба шумули Русия, Португалия, Эфиопия, Индонезия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Эрон ва дигарон тавассути мина мунфаҷир шудааст.