Иртибототи фарҳангӣ ва гардишгарии Шероз ва Душанбе тақвият мешавад
(last modified Mon, 30 Sep 2024 05:15:13 GMT )
Сентябр 30, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Иртибототи фарҳангӣ ва гардишгарии Шероз ва Душанбе тақвият мешавад

Муовини фарҳангии шаҳрдори Шероз, ки дар намоишгоҳ ва рӯйдоди байналмилалии гардишгарии шаҳри Душанбе ҳузур дорад, аз густариши иртиботот дар ростои тақвияти абъоди мутанаввеъи гардишгарии ин ду шаҳри таърихӣ ва хоҳархонда ва ҳамчунин баргузории рӯйдодҳои муштарак байни ин ду шаҳр хабар дод.

Маҳмадалии Чубинӣ, муовини фарҳангии шаҳрдори Шерози Эрон ба унвони намояндаи шаҳрдории Шероз дар посух ба даъвати Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз шаҳрдори Шероз барои ҳузур дар ин рӯйдоди байналмилалӣ дар ростои густариши иртибототу тақвияти ду суяи абъоди мутанаввеъи гардишгарӣ ба пойтахти Тоҷикистон сафар кард.