Мулоқоти Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Рустами Эмомалӣ
(last modified Thu, 10 Oct 2024 05:54:50 GMT )
Октябр 10, 2024 10:54 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Рустами Эмомалӣ
    Мулоқоти Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Рустами Эмомалӣ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуданд.

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

имни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла робитаҳои судманди байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳои васеъ доир гардид.

Мулоқоти Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Рустами Эмомалӣ

Нахуст Рустами Эмомалӣ меҳмони арҷманд- Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва ҳайати расмии кишвари ба мо дӯсту бародар- Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкории бисёрҷониба байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.