Қарордоди тиҷоратии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Душанбе
Байни Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Душанбе қарордоди кумаки молӣ имзо шуд.
Ба гузориши Ховар, ба нақл аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд хонум Шенни Кемпбал ба имзо расониданд.
Маблағи иловагӣ барои ин лоиҳа 15 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд амалӣ мешавад.
Маблағҳои иловагии ҷалбшаванда ба маблағгузории ҷузъҳои иловагӣ, аз ҷумла сохтмони 22 километр хатҳои нави интиқоли барқи 500-киловолта байни зеристгоҳҳои «Сирдарёи Нав»-и Ҷумҳурии Узбекистон ва «Суғд»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони ду хати нави 500-киловолта дар ҳарду зеристгоҳ ва баланд бардоштани иқтидори кормандони техникӣ, бахусус донишҷӯдухтарони коллеҷҳои техникии Тоҷикистон равона карда мешаванд.