Ҳайати Тоҷикистон дар 12-умин Ҳамоиши байналмилалии варзиш дар Уфа
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i117548-Ҳайати_Тоҷикистон_дар_12_умин_Ҳамоиши_байналмилалии_варзиш_дар_Уфа
Ҳайати Тоҷикистон дар давоздаҳумин Ҳамоиши байналмилалии варзиш дар Уфа ширкат дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Тоҷикистон дар 12-умин Ҳамоиши байналмилалии варзиш дар Уфа

Ҳайати Тоҷикистон дар давоздаҳумин Ҳамоиши байналмилалии варзиш дар Уфа ширкат дорад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзодаҳ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар 17 октябр дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи давоздаҳумин Ҳамоиши байналмилалии варзиш таҳти унвони «Русия- мамлакати варзишӣ» ширкат кард.

Дар ин ҳамоиш намояндагон беш аз 20 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд. Ҳадаф аз баргузории он тавсеаи равобити варзишии байналмилалӣ ва табодули таҷрибиёт байни кишварҳо аст.