Ифтитоҳи утоқи забони форсӣ дар Донишгоҳи Миллии Қирғизистон
(last modified Sun, 20 Oct 2024 06:13:45 GMT )
Октябр 20, 2024 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи утоқи забони форсӣ дар Донишгоҳи Миллии Қирғизистон

Саҳоб - Утоқи эроншиносӣ ва забони форсӣ дар Донишгоҳи Миллии Қирғизистон (KNU) бо мушорикати муассисаи таъриху мутолиоти минтақаии ин донишгоҳ ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши ИРНА, маросими ифтитоҳи утоқи эроншиносӣ ва забони форсӣ дар Донишгоҳи Миллии Қирғизистон бо ҳузури Абузари Тавқонӣ, ройзани фарҳангии Эрон ва намояндаи Бунёди Саъдӣ дар Қирғизистон, Назаркул Ишекеев, муовини забони давлатӣ ва масоили иҷтимоии Донишгоҳи Миллии Қирғизистон баргузор шуд.

Намояндаи Бунёди Саъдӣ бо ибрози хурсандӣ аз эҷоди утоқи эроншиносӣ ва забони форсӣ дар Донишгоҳи Миллии Қирғизистон гуфт, таҷҳизу омодасозии ин утоқ бо ҳимояти Бунёди Саъдӣ ва ҳамкории Муассисаи таъриху мутолиоти минтақаии Донишгоҳи Миллии Қирғизистон барои тақвияту тавсеаи равобити фарҳангӣ барои шинохту наздикии бештари ду миллату тавсеа ва рифоҳи муштарак бо таваҷҷуҳ ба собиқаи тӯлонии фарҳангу зиндагии муштараки Эрону Қирғизистон анҷом шудааст.

Назаркул Ишекеев низ гуфт, донишмандону шоирони машҳури эронӣ монанди Умари Хайёму Фирдавсӣ дар ҳифзи забони форсӣ таъсиргузор будаанд ва бовуҷуди пазируфтани дини Ислом аз сӯи эрониён, забони форсӣ ҳифз шуд.