Тамҷиди блогерҳои қирғизистонӣ аз тамаддуни чандҳазорсолаи Эрон
Саҳоб - Намоишгоҳи акси “Эрон аз нигоҳи блогерҳои қирғиз” дар Мӯзейи миллии ҳунарҳои таҷассумии Бишкек ифтитоҳ шуд ва блогерҳои қирғизӣ дар ин рӯйдод эълом карданд, бо сафар ба Эрон тамаддуни бостонии чандҳазорсолаи ин кишварро дидаанд.
Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз хабаргузории Меҳр, намоишгоҳи акси “Эрон аз нигоҳи блогерҳои қирғиз” дар Музейи миллии ҳунарҳои таҷассумии Бишкек ба муддати 15 рӯз, тавассути ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон бо ҳузури се нафар аз блогерҳои қирғиз сафар карда, ба Эрону ҷамъе аз дипломатҳои дигар кишварҳо ва алоқамандон ба фарҳанг, тамаддун ва ҳунари Эрон баргузор шуд.
Нурсултан Аттокуров, блогери қирғизистонӣ дар ин маросим гуфт, аз шукуҳе, ки дар сафари 10 рӯзаи худ ба Эрон дида, шигифт зада шудааст.
Вай афзуд: Вақте ба унвони як таърихдон ба Эрон рафтам, аз қабл иддеаҳо ва иттилооте дар бораи ин кишвар доштам. Аммо дар ин сафар бисёре аз клишиҳои зеҳнам шикаста шуд ва акнӯн Эронро бо нигоҳи дигаре мебинам.
Ин блогери қирғизистонӣ тасреҳ кард: Мо дар Эрон тамаддуни бостонии чандҳазорсолаеро дидем ва аз бархе маконҳои торихии сабт шуда дар ЮНЕСКО боздид кардем.
Ба ибтикори ройзании фарҳангии Эрон дар Қирғизистон ва бо ҳамкории идораи кулли ҳамкориҳои расонаӣ ава фазои маҷозии Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ, блогерҳои қирғизистонӣ ба Эрон сафар карданд.