Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Tue, 05 Nov 2024 06:46:59 GMT )
Ноябр 05, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори Президенти ҶТ бо муовини дабири кулли СММ
    Дидори Президенти ҶТ бо муовини дабири кулли СММ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Владимир Воронков, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 4 ноябр дар шаҳри Ак-Кувайт дар ҳошияи конфронси байналмилалии сатҳи боло бо номи “Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои муассири амнияти марзӣ – марҳилаи кувайтӣ дар фароянди Душанбе” бо Владимир Воронков, муовини дабири кулли СММ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор мавзӯоти ҳамкории муассири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин раванди кори конфронси мазкур мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тавваҷуҳи зиёд ба афзоиши таҳдидоту хатароти амнияту субот, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва соири ҷиноёти созмонёфтаи фаромарзии муртабит бо ин падидаҳо зоҳир шуд.

Ду тараф омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ дар мубориза бо ин таҳдидот эълом карданд.

Ҳамчунин дар мавриди соири мавзӯоти муртабит бо таъмини амнияту субот дар минтақаву ҷаҳон табодули назар шуд.