Тавофуқ барои содироти 200 вагон аз Эрон ба Тоҷикистону Узбакистон
Ахиран мақомоти Эрон аз тавофуқи содироти 200 вагони тавлиди Эрон ба кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон хабар доданд.
Ба гузориши “Спутник”, масъулони роҳи оҳани Эрон аз тавофуқ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои хариди вагонҳои бории эронӣ ва тавофуқ дар хусуси сайри ин вагонҳо дар Тоҷикистону Узбакистон хабар доданд.
Ҷабборалии Зокирӣ, мудири Роҳи оҳани Эрон ахиран гуфт, ки дар сафар ба Узбакистон мавзӯи тавлиди вагонҳои борӣ дар дохили Эрон ва вогузорӣ ба яке аз ширкатҳои узви ИДМ матраҳ ва дар ин хусус тавофуқ шуд.
Вай таъкид кардааст, ки яке аз дастовардҳои ин сафар, ҳамин тавофуқи аввалияе буд, ки ба сурати чаҳорҷониба ба имзо расид ва мутобиқи ин тавофуқ 200 вагон арза хоҳад шуд.
Зокирӣ афзуд, дар хусуси муҷаввизи сайри вагонҳои эронӣ дар кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ба тавофуқоте расидем ва протоколе миёни кишварҳо низ ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки 8 ноябри соли 2023 миёни Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши нақлиёти роҳи оҳан Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.