Пирӯзии тими миллии футболи Тоҷикистон дар дидори дӯстона муқобили тими Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i118102-Пирӯзии_тими_миллии_футболи_Тоҷикистон_дар_дидори_дӯстона_муқобили_тими_Афғонистон
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар дидори дӯстона муқобили тими Афғонистон пирӯз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 20, 2024 18:27 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии футболи Тоҷикистон дар дидори дӯстона муқобили тими Афғонистон

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар дидори дӯстона муқобили тими Афғонистон пирӯз шуд.

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар чорчӯби омода будан барои марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Осиё -2027 дар дидори дӯстона ба дуюмин пирӯзии пай дар пайи худ даст ёфт.

Тими миллии Тоҷикистон бо натиҷаи 3 бар 1 муқобили тими миллии Афғонистон пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳарифони тими миллии Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2027, 9 декабр дар маросими қуръакашӣ мушаххас хоҳад шуд.