Русия аз муҳоҷирони корӣ истиқбол мекунад
(last modified Sat, 23 Nov 2024 08:11:34 GMT )
Ноябр 23, 2024 13:11 Asia/Dushanbe
  • Русия аз муҳоҷирони корӣ истиқбол мекунад

Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш дар шароити мушкилоти ҷамъиятӣ аз омадани муҳоҷирони корӣ истиқбол мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Димитрий Псков-сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки кишвараш барои рушди фаврӣ ба муҳоҷирон ниёзманд аст.

 Вай изофа кард дар пасманзари вазъи ҷамъиятшиносӣ аз омадани шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия истиқбол мекунем.

 Димитрий Псков гуфт ҳарф бар сар ин аст, ки вазъияти ҷамъияти мо хеле мушкил аст. Мо дар бузургтарин кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунем , аммо ҷамъияти мо ба андозаи кофӣ нест.