Сармоягузории Эрон дар вилояти Хатлон
(last modified Sat, 14 Dec 2024 05:22:43 GMT )
Декабр 14, 2024 10:22 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Эрон дар вилояти Хатлон

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори Русия ва Чин аз ҷумлаи аслитарин сармоягузорони хориҷӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин матлаб аз суханронии Давлаталӣ Саид,раиси вилояти Хатлон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони вилоят бармеояд.

Ба гуфтаи  Давлаталӣ Саид таи соли 2024 бештарин сармоягузории хориҷӣ ба вилояти Хатлон аз тарафи Русия (40,2 %), Чин (37,1 %) ва Эрон (18,4 %) сурат гирифтааст.

Тавре раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ахиран дар иҷлоси Маҷлиси вакилони халқи вилоят хабар дод, дар давраи ҳисоботӣ ба вилоят 7,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,3 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон қайд кард, ки айни замон дар вилоят 52 ташкилоту корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон дар ин ҷаласа иттилоъ дод, ки дар ин давра, гардиши савдои хориҷӣ ба 407 млн. доллар расонида шуд, ки аз ин нишондиҳанда 188,5 млн. доллар содироти молу маҳсулот ва 218,4 млн. доллари дигарро маҳсулоти воридотӣ ташкил медиҳад.

Гуфтанӣ аст Давлаталӣ Саид,раиси вилояти Хатлон чанди пеш дар сарварии ҳайати баландпояи иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон,бавижа устони Хуросони Разавӣ сафар карда буд. Устондори вақти Хуросони Разавӣ ҳам  аз вилояти Хатлон боздид ба амал овард.