Масъуди Пизишкиён дар ин моҳ ба Тоҷикистон меравад
(last modified Sun, 05 Jan 2025 08:05:23 GMT )
Январ 05, 2025 13:05 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён дар ин моҳ ба Тоҷикистон меравад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи ҷории мелодӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Ба иттилои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ин сафар дар миёнаҳои моҳи январи соли 2025 анҷом хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дидору мулоқоти роҳбарони ду кишвар ва дигар мулоқотҳо дар назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Масъуди Пизишкиён,  раисҷумҳури Эрон мулоқот карда буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, қаблан Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро барои боздид аз Душанбе дар номаи табрикияш ва дидорашон даъват карда буд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар доираи ин сафар ҳайате аз тоҷирони эронӣ дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар ва бо ҳамкории созмони тавсеаи тиҷорат, муташаккил аз ширкатҳои тавонманд, ба сарпарастии Самад Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонии Эрон вориди шаҳри Душанбе хоҳанд шуд.