Рӯдакихонии раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе + ВИДЕО
Январ 17, 2025 18:21 Asia/Dushanbe
-
Рӯдакихонии раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён дар нишасти тиҷорат, сармоягузорӣ ва гардишгарии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бо як забон муошират кардани ду миллатро ёдоварӣ карданд ва ишора ба ин карданд, ки бо забони форсӣ, бидуни мутарҷим намояндаҳои ду кишвар суҳбат карданд, ки дар сатҳи ҷаҳон беназир аст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои эронияш Масъуди Пизишкиён ва ҳамаи меҳмононро дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард.

Дар охири ин нишаст Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон шеъри "Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме..." аз Рӯдакиро қироат кард ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шеъри "...дидори рӯи дӯстон"-ро ба забон овард.
Барчасп