Нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент пас аз солҳои тулонӣ
(last modified Sat, 25 Jan 2025 10:32:04 GMT )
Январ 25, 2025 15:32 Asia/Dushanbe
  • Нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент пас аз солҳои тулонӣ

Пас аз даҳҳо сол нахустин парвози ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Панҷакент анҷом шуд.

Ба гухориши Садои Хуросон ба нақл аз «Ховар» 24 январи 2025 дар хатсайри Душанбе–Панҷакент аз ҷониби  ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нахустин парвоз амалӣ гардид.

Ин манбаъ бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент афзудааст дар масири  Душанбе-Панҷакент ҳавопаймои АН-28 парвоз намуда, 17 мусофир давоми 40-45 дақиқа  ба Панҷакент расонида шуданд.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иттилоъ дода буд, ки парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент 14 январ фаъол гардонида мешавад. Аммо бо сабаби номусоидии   ҳаво парвоз ба таъхир гузошта шуд.

Нархи чипта дар масири  Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ буда, парвоз 40-45 дақиқа давом меёбад. Парвоз дар масири  Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо мусоид омадани ҳаво анҷом дода мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пеш аз ин парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳрҳои Хоруғ ва Кулоб низ роҳандозӣ карда буд.