Боздиди бонувони футзалбози Эрон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
(last modified Sat, 15 Feb 2025 05:19:15 GMT )
Феврал 15, 2025 10:19 Asia/Dushanbe
  • Боздиди бонувони футзалбози Эрон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Аъзои дастаи миллии футзали Ҷумҳурии исломии Эрон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар доираи баргузории чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби футзали занона CAFA-2025, ки аз 9 то 16 феврал идома меёбад, ҳайати дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон барои шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд. Ба навиштаи Ховар, зимни сайри осорхонавӣ ҳайати дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон дар толорҳои намоишии шуъбаи табиат, таърихи қадим ва асрҳои миёна ва толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бо табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон, таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, ҳунармандӣ ва саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ шинос гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон ва Эрон 16 феврал дар доираи чемпионати СAFA-2025 бозӣ анҷом медиҳанд.

Дастаи мунтахаби Эрон дар рақобатҳои имсолаи СAFA-2025 ба дунболи пирӯзи ба дастаҳои Узбакистон ва Қирғизистон дар ҷои нахуст қарор дорад.