Робитаи ду миллати Эрону Тоҷикистон бародарона аст
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i120414-Робитаи_ду_миллати_Эрону_Тоҷикистон_бародарона_аст
Порстудей - Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар инки робитаи ду давлату миллати Эрону Тоҷикистон бар пояи иштирокоти фарҳангӣ, торихӣ ва бародарона аст , гуфт : Беҳтарини равобити сиёсиро дорем ва ба дунболи он ҳастем, ки равобити фарҳангӣ , иқтисодӣ ва гардишгариро низ афзоиш диҳем .
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Май 31, 2025 10:20 Asia/Dushanbe
  • Робитаи ду миллати Эрону Тоҷикистон бародарона аст

Порстудей - Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар инки робитаи ду давлату миллати Эрону Тоҷикистон бар пояи иштирокоти фарҳангӣ, торихӣ ва бародарона аст , гуфт : Беҳтарини равобити сиёсиро дорем ва ба дунболи он ҳастем, ки равобити фарҳангӣ , иқтисодӣ ва гардишгариро низ афзоиш диҳем .

Муҳаммадризо Ориф,муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба манзури анҷоми сафари 2 рӯза ба Тоҷикистон сафар кардааст , асри рузи ҷумъа бо ҳузур дар Музеии миллии Тоҷикистон аз бахшҳои мухталифи ин музей боздид кард .
Оқои Ориф дар ин боздид бо ишора ба иштирокоти фаровони фарҳангӣ , торихӣ ва забонии давлату миллатҳои Эрону Тоҷикистон , бар зарурати ҳифзу тақвияти марказҳову маконҳои фарҳангӣ ва торихӣ ва ҳамчунин тақвияти Фарҳангистонҳои ду кишвар барои муаррифии таъриху фарҳанги муштарак ба мардуми Эрону Тоҷикистон таъкид кард .