Теҳрону Душанбе ; Ду боли тавонманди инсиҷомбахше ба ҷаҳони форсӣ забон
(last modified Wed, 09 Jul 2025 06:14:00 GMT )
Июл 09, 2025 11:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатуллоҳ Айюбӣ ва Матлубахон Сатториён
    Ҳуҷҷатуллоҳ Айюбӣ ва Матлубахон Сатториён

Порс-Тудей. Раиси маркази умури байналмилали Вазорати мироси фарҳангӣ , гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон бар зарурати шаклгирӣ ва тақвияти Иттиҳодияи забону фарҳанги форсӣ таъкид кард .

Ба гузориши Порс-Тудей, Ҳуҷҷатуллоҳ Айюбӣ раиси маркази умури байналмилали Вазорати мироси фарҳангӣ , гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Матлубахон Сатториён (Сатторова) вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар ҳошияи баргузарии нишасти вузарои фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дидор карданд .

Дар ин дидор , тарафайн бар пайвандҳои ногусастании фарҳангӣ ва тамаддунии миёни Эрону Тоҷикистон, ки реша дар таърих , забону андеша ва муштарак дорад , таъкид карданд .

Айюбӣ дар ин мулоқот бо ишора ба ҷойгоҳи мумтози забони форсӣ дар ду кишвар , бар зарурати шаклгирӣ ва тақвияти Иттиҳодияи забону фарҳанги форсӣ таъкид кард ва ёдовар шуд, ки Эрону Тоҷикистон , чунон ду боли тавонманди фарҳанги форсӣ , бояд пешгоми инсиҷомбахше ба ҷаҳони форсӣ забон бошанд .