Далери тоҷик бо «Моҳӣ дар шаст» ба Ҷашнвораи филми кӯдак меояд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i122102-Далери_тоҷик_бо_Моҳӣ_дар_шаст_ба_Ҷашнвораи_филми_кӯдак_меояд
Филми синамоии «Моҳӣ дар шаст» ба коргардонии Муҳиддини Музаффар, коргардони барҷастаи тоҷикистонӣ ва таҳиякунандагии муштараки Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар, бо ривояти зиндагии писарбачаи тоҷик ба номи Далер, дар бахши мусобиқаи байналмилалии 37-умини Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯдакон ва навҷавонон ҳузур дорад.
(last modified 2025-09-25T03:25:27+00:00 )
Сентябр 24, 2025 20:23 Asia/Dushanbe
  • Далери тоҷик бо «Моҳӣ дар шаст» ба Ҷашнвораи филми кӯдак меояд

Филми синамоии «Моҳӣ дар шаст» ба коргардонии Муҳиддини Музаффар, коргардони барҷастаи тоҷикистонӣ ва таҳиякунандагии муштараки Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар, бо ривояти зиндагии писарбачаи тоҷик ба номи Далер, дар бахши мусобиқаи байналмилалии 37-умини Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯдакон ва навҷавонон ҳузур дорад.

Ба гузориши равобити умумии филм, филми “Моҳӣ дар шаст” достони зиндагии Далерро ривоят мекунад, ки қуллоб(шаст)-и сарнавиштро мешиканд ва масири озодиро дар дили амвоҷ ҷустуҷӯ мекунад.

Ин асар маҳсӯли соли 2025 ва сохтаи муштараки шабакаи “Ifilm” (муовинати бурунмарзии Садо ва симо), ширкати шитобдиҳандаи “30CUP” (Эрон) ва ширкатҳои филмсозии “Довфилм”- Тоҷикфилм (Тоҷикистон) аст.

Дар хулосаи достони филм омадааст: «Шояд гумон кунӣ, моҳӣ дар қулло(шаст) ҳамеша асири дасти моҳигир аст, ғофил аз онки дарё гоҳе калиди озодиро ба кӯдаки беном мебахшад.»

Тасвирбардории ин филм умдатан дар маконҳои табиӣ ва мунҳасирбафарди Тоҷикистон анҷом шуда ва забони муштараки форсӣ, дар канори баҳрагирӣ аз аносури фарҳангӣ ва арзишҳои ахлоқӣ; бавижа хонавода ва ҷойгоҳи он аз зовияи нигоҳи насли кӯдаку навҷавон, меҳвари аслии ҳувияти он будааст.

Бозигароне чун Хуршед Мустафоев, Сайёраи Сафарӣ ва Абдулло Абдураҳимзода дар ин филм ифои нақш кардаанд, ки ба ҳамроҳи ҷамъе дигар аз авомили эронӣ ва тоҷикистонӣ «Моҳӣ дар шаст», шомгоҳи якшанбеи 30 шаҳривар, дар ойини рӯнамоии ин филм бо ҳузури раиси Созмони Садо ва симо, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, муовини бурунмарзии Садо ва симо, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, ҳамчунин ҷамъе аз ҳунармандони синамо ва телевизиони Эрон, мудирону коркунони расонаи миллӣ ва намояндагони расонаҳои мухталиф, дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии Садо ва симо, ҳузур доштанд.

Авомили пушти саҳна низ ҷамъе аз чеҳраҳо ва фаъолони синамои Эрону Тоҷикистонро шомил мешаванд: Эҳсони Кова, Ҳамидризо Рӯҳонӣ ва Ҳусайни Ҳамадонизода (таҳиякунандагони аршад), Валерий Ахудов (коргардони ҳунарӣ), Андрей Федотов (мудири филмбардорӣ), Имоди Худобахш (тадвингар), Фардин Халаътбарӣ (оҳангсоз), Ораши Қосимӣ (садогузор), Манижа Холова (чеҳрапардоз), Фариддун Музаффарзода (мудири саҳна), Таҳмина Аскарӣ (сарпарасти ҷилваҳои вижа), Фотима Ҷавоҳирсоз (умури байналмилал ва бозорёбӣ) Шайдо Исломӣ (мушовири расонаӣ).

37-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯдакону навҷавонон бо дабирии Ҳомиди Ҷаъфарӣ, аз 12 то 16 меҳри 1404 дар шаҳри Исфаҳон ва дар се бахши аслии миллӣ (филмҳои баланд, кӯтоҳ ва пӯёнамоӣ), байналмилал ва вижа баргузор мешавад. «Моҳӣ дар шаст» дар бахши мусобиқаи байналмилал бо ҳашт асари баланди хориҷӣ ва низ се филми баргузида аз Эрон, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳайати доварону мухотабони кӯдаку навҷавон рақобат хоҳад кард.