Трамп дар Осиёи Марказӣ ба дунболи чист?
-
Трамп ва Осиёи Марказӣ
Порс-Тудей. Амрико ба дунболи густариши равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, нишасти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Вашингтон дар ҳоле баргузор мешавад, ки рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ бар сари манобеи табиӣ ва мавқеияти роҳбурдии ин минтақа ташдид шудаву Амрико ба дунболи тақвияти нуфузи худ дар ҳамсоягии Русия ва Чин ва таъмини маводи маъдании ҳаётӣ аст.
Нишасти Осиёи Марказӣ ва Амрико дар таърихи 6 ноябр дар Вашингтон баргузор хоҳад шуд. Омодасозии ин нишаст, аз ҷумла сафари мақомоти амрикоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи ҷиддияти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар заминаи афзоиши сатҳи равобит бо кишварҳои ин минтақа аст. Вазорати умури хориҷаи Амрико дар баёнияе бо ишора ба инки ҳадаф аз сафари намояндагони амрикоӣ тақвияти равобити Иёлоти Муттаҳида бо ин минтақа аст, эълом кард: Иёлоти Муттаҳида ба таомул бо ҳамкорони худ дар Осиёи Марказӣ барои густариши равобити тиҷорӣ ва тақвияти равобит идома хоҳад дод. Мо муштоқона мунтазири тавсеаи ҳамкорӣ ва ҷашн гирифтани даҳумин солгарди мушорикат дар чорчӯби платформаи “5+1” ҳастем.
Ба назар мерасад, давлати Трамп дар Осиёи Марказӣ ба дунболи тақвияти нуфузи геополитикии Амрико, маҳори Чину Русия ва дастрасӣ ба манобеи маъдании ҳаётӣ аст. Дар ин росто, баргузории нишасти оянда бо сарони кишварҳои ин минтақа нишондиҳандаи талоши Вашингтон барои тасбити ҷойгоҳи худ дар ин минтақаи роҳбурдӣ аст.
Осиёи Марказӣ бо панҷ кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ба далели мавқеияти геополитикӣ ва манобеи табиии ғанӣ ба яке аз нуқоти ҳассос дар рақобатҳои ҷаҳонӣ табдил шудааст. Ин минтақа дар ҳамсоягии Чин, Русия ва Афғонистон қарор дорад ва аз назари энержӣ аносири нодири хокӣ ва масирҳои транзитӣ аҳамияти болое дорад. Дар ин миён, давлати Трамп талош кардааст то бо афзоиши таомулоти сиёсиву иқтисодӣ, нуфузи Амрикоро дар ин минтақа тақвият кунад.
Дар заминаи аҳдофи Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ метавон ин маворидро баршумурд:
Ҳадафи аввал: маҳори нуфузи Чину Русия
Яке аз аҳдофи аслии Трамп дар Осиёи Марказӣ, коҳиши вобастагии кишварҳои минтақа ба Чин ва Русия аст. Чин бо пружаи “Камарбанд ва роҳ” ва сармоягузориҳои густарда, нуфузи иқтисодии худро густариш додаву Русия низ аз тариқи созмонҳое монанди Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ҳоли ҳифзи нуфузи сиёсӣ ва амниятии худ аст. Трамп бо баргузории нишастҳое монанди иҷлоси 5 + 1 дар Вашингтон, талош дорад то гузинае ҷойгузин барои ин кишварҳо ироа диҳад. Аз назари геополитикӣ тақвияти мавқеияти Амрико дар ҳаёти хилвати Русия ва Чин барои Вашингтон арзишманд аст. Ин кишварҳо дар “каридори миёнӣ” ширкат доранд, бинобарин афзоиши ҳузур дар Осиёи Марказӣ метавонад ба унвони равише барои фишор бар пружаи чинии “Камарбанд ва роҳ” истифода шавад.
Ҳадафи дувум: Дастрасӣ ба манобеи маъдании ҳаётӣ
Давлати Трамп ба вижа бар унсурҳои нодири хокӣ тамаркуз дорад. Маводе ки дар тавлиди фанновариҳои пешрафта монанди ботриҳо, таҷҳизоти низомӣ ва нимаҳодиҳо корбурд доранд. Чин дар ҳоли ҳозир контроли умдаи занҷираи таъмини ин аносирро дар ихтиёр дорад. Трамп бо даъват аз сарони Осиёи Марказӣ ба Вашингтон, ба дунболи таъмини мустақими ин манобеъ аз кишварҳои минтақа ва коҳиши вобастагии Амрико ба Чин аст. Скотт Басент, вазири хазонадории Амрико изҳор доштааст, ки Чин дар бисёре заминаҳо “шарики ғайриқобили эътимод” будаву Амрико бояд аз вобастагӣ ба контроли Чин бар манобеи ҳаётӣ монанди аносири нодири хокӣ раҳо шавад. Трамп ба унвони як тоҷир, пойгоҳи манобеи азимеро дар Осиёи Марказӣ мебинад, ки барои ҷойгузинии Чин ва таъмини филизоти хокии камёб барои ғӯлҳои фанноварии иттилооти Амрико мавриди ниёз аст.
Ҳадафи сеюм: Тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ
Бо тавваҷуҳ ба таҳдидоти террористӣ дар минтақа, ба вижа дар марзҳои Афғонистон, Трамп ба дунболи тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин ҳамкориҳо шомили омӯзиши неруҳои амниятӣ, табодули иттилоот ва ҳатто эҷоди пойгоҳҳои низомии муваққат мешавад. Ҳадаф аз ин иқдомот, муқобила бо нуфузи гуруҳҳои ифротӣ ва ҳамчунин эҷоди ҳузури низомӣ дар наздикии марзҳои Чин ва Русия аст. Бо тавваҷуҳ ба ҳадафи Трамп барои бозгардондани Амрико ба пойгоҳи Багром, тамосҳои наздик бо Тоҷикистону Туркманистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон ҳастанд, метавонад аҳамияти калидӣ дошта бошад.
Ҳадафи чаҳорум: Ҷазби сармоягузорӣ ва нуфузи нарм
Трамп ҳамчунин талош дорад то аз тариқи сармоягузорӣ, интиқоли фанноварӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ, нуфузи нарми Амрикоро дар минтақа афзоиш диҳад. Ин иқдомот шомили эътои бурсияҳои таҳсилӣ, ҳимоят аз пружаҳои омӯзишӣ ва тасҳили вуруди ширкатҳои амрикоӣ ба бозорҳои минтақаӣ аст. Ин сиёсатҳо бо истиқболи нисбии бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ мувоҷеҳ шудаанд, ки ба дунболи танаввуъбахшӣ ба равобити хориҷии худ ҳастанд.
Чолишҳову вокунишҳо
Бо вуҷуди талошҳои Трамп, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо эҳтиёт ба ин таомулот нигоҳ мекунанд. Онҳо намехоҳанд дар рақобати байни қудратҳои ҷаҳонӣ қурбонӣ шаванд ва тарҷеҳ медиҳанд сиёсате мутавозин байни Шарқу Ғарб иттихоз кунанд. Ҳамчунин, бархе таҳлилгарон муътақиданд, ки мудохилоти Амрико мумкин аст муҷиби бесуботии бештар дар минтақа шавад, ба вижа агар бо фишор барои интихоб байни Ғарбу Русия ҳамроҳ бошад.
Ҷамъбандӣ
Трамп дар Осиёи Марказӣ ба дунболи таҳаққуқи маҷмӯае аз аҳдофи геополитикӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ аст, ки дар ростои сиёсатҳои калони Амрико барои муқобила бо Чину Русия таъриф шудаанд. Бо ин ҳол, муваффақияти ин сиёсатҳо ба мизони эътимоди кишварҳои минтақа ба Вашингтон, тавоноии Амрико дар ироаи гузинаҳои ҷаззобу наҳваи мудирияти рақобат бо қудратҳои рақиб, яъне Чину Русия бастагӣ дорад. Ҳарчанд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ доштани равобити наздик бо Иёлоти Муттаҳида фурсате барои касби даромаду тақвияти танаввуъбахшӣ ба сиёсати хориҷии худ аст, аммо ин панҷ кишвар худро ба Амрико маҳдуд намекунанд ва ба тавсеаи равобит бо Русия, Туркия, Чин, Иттиҳоди Аврупо ва соири бозигарон идома хоҳанд дод.