Аз Зарафшон то Хуросон роҳе нест
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i123722-Аз_Зарафшон_то_Хуросон_роҳе_нест
Китоби шеъри рӯзноманигор, шоир ва корманди канали тоҷикии “Садои Хуросон” ба тозагӣ дар Теҳрон мунташир шуд.
(last modified 2026-01-06T04:37:44+00:00 )
Январ 05, 2026 15:19 Asia/Dushanbe
  • "Аз Зарафшон то Хуросон"

Китоби шеъри рӯзноманигор, шоир ва корманди канали тоҷикии “Садои Хуросон” ба тозагӣ дар Теҳрон мунташир шуд.

   Исфандиёр Халилӣ, рӯзноманигор ва шоири тоҷик, ки аз гӯяндагони хабару таҳиякунандагони барномаҳои радиоӣ дар канали тоҷикӣ аст, ба тозагӣ китоби маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Аз Зарафшон то Хуросон” ба зевари табъ оростааст.

   Ин китоб бо мазомини иҷтимоиву маънавӣ дар қолаби шеър ба зиндагии башарӣ ва завоёи он пардохтааст. Ба гуфтаи худи шоир "ин китоб қатъан як кори бенақс нест", аммо ӯ ҷасорат ба харҷ додаву афкору дилнавиштаҳояшро дар қолаби шеър баён кардааст.

   Дар шеъри ӯ бар иттиҳоду ҳамдилӣ ва пайвандҳои ногусастании фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ миёни порсизабонон ишораҳои фаровон шудааст. Азҷумла дар ҷое мегӯяд:

Ман сафире аз диёру сарзамини меҳру маҳ,

Тоҷикистонҷавҳарам, андар дили Эронатам.

Дар Душанбеи замирам байни гулҳо ҳамдилист,

Лолаи сурхи Самарқанду гули Теҳронатам.

Ё ҷои дигар гуфтааст:

Тоҷикам, аҳли Тоҷикистонам,

Реша дар хитаи Хуросонам...

   Дар ҳамин ҳол дилбандӣ ба порсиро ба маънии ҳамдиливу пайванди фарҳангӣ медонад, на таассубу ситез бо нажодҳои дигар ва дар мисраъе ба ин нукта ишора карда мегӯяд:

Аз таассуб дуру бо мантиқ ҳамроҳам рафиқ,

Бо ҳама озодмарди насли инсон зиндаам.

  Пеш аз ин ҳам китоби шеъри дигари Исфандиёр Халилӣ бо номи “Ашки борон, хандаи гул” дар Тоҷикистон мунташир шуда буд.

 

Бештар бихонед:

"Ашки борон" варақ варақ "Хандаи гул"-ро мунташир кард