Тайиди ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаров дар Қирғизистон
(last modified 2017-01-24T14:48:28+00:00 )
Январ 24, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Тайиди ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаров дар Қирғизистон

Додгоҳи марказии устони Чуйи Қирғизистон имрӯз дубора ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаровро ба ҷурми қатли як полис ва таҳрики мардум ба даргириҳои қавмӣ дар соли 2010 тайид кард.

Ба иттилои хабаргузории Форс, дар паи дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид барои таҷдиди назар дар ҳукми Аскаров, Додгоҳи олии Қирғизистон парванда ӯро муҷаддадан мавриди баррасӣ қарор дода, вале тасмимгирии ниҳоӣ дар бораи онро ба додгоҳи марказии устони чуй вогузор карда буд, ки имрӯз ҳукми ҳабси абади ин фард тайид шуд .

Аскаров дар вокуниш ба ин тасмими додгоҳ даст ба эътисоби ғизо задааст .

Додгоҳи марказии устони Ҷалолободи Қирғизистон, бо ироаи ҳамаи шавоҳид, Азимҷон Аскаровро ба ҷурми қатли як маъмури полис ва оғози даргириҳои қавмии соли 2010 дар ҷануби ин кишвар, ки дар натиҷаи он беш аз 500 шаҳрванд ҷони худро аз даст доданд, ба ҳабси абад маҳкум карда буд .

Гуфтанист, пеш аз даргириҳои қавмӣ, Аскаров хабарнигори ҳавзаи равобити қирғизҳо ва узбакҳо ва ҳамчунин намояндаи як созмони ғайридавлатӣ дар ҷануби Қирғизистон буд .