Январ 27, 2017 19:08 Asia/Dushanbe
  • Бердимуҳаммадов: Доктринаи низомии Туркманистон ҷанбаи дифоӣ дорад

Раиси ҷумҳурии Туркманистон дар паёме ба муносибати биступанҷумин солгарди ташкили нерӯҳои мусаллаҳ ва артиши миллии ин кишвар таъкид кард, доктринаи ҷадиди низомии Туркманистон аз ҷанбаи дифоӣ бархурдор аст ва ҳадафи аслии он таъмини манофеи миллӣ ва барқарории амният дар сар то сари кишвар аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар паёми худ афзудааст, нигоҳбонӣ аз усули сулҳталабӣ, равобити ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя, барқарории равобит ва ҳамкориҳои баробар ва суди мутақобил, дахолат накардан дар умури дигар кишварҳо ва худдорӣ аз тавассул ба зӯр дар ҳалли ихтилофот аз муҳимтарин усул ва роҳкорҳое ҳастанд, ки дар таҳия ва навиштани доктринаи ҷадиди низомии Туркманистон дар назар гирифта шудааст.

 Бердимуҳаммадов ҳамчунин аз қасди давлати Ишқобод барои тақвияти бахши фаннӣ, таҷҳизотӣ ва рифоҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва артиши миллии Туркманистон хабар дод.

Туркманистон дар соли 1991-и мелодӣ, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, нерӯҳои мусаллаҳ ва артиши миллии худро ташкил дод ва дар соли гузаштаи мелодӣ доктринаи ҷадиди низомии худро, ки аз ҷанбаи сирфан дифоӣ бархурдор аст, тасвиб кард.