Эҳтимоли таъхир дар замони баҳрабардорӣ аз хатти CASA-1000
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i12967-Эҳтимоли_таъхир_дар_замони_баҳрабардорӣ_аз_хатти_casa_1000
Як хабаргузории афғонистонӣ аз эҳтимоли таъхир дар замони баҳрабардорӣ аз тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба хатти CASA-1000 хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 05, 2017 09:41 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли таъхир дар замони баҳрабардорӣ аз хатти CASA-1000

Як хабаргузории афғонистонӣ аз эҳтимоли таъхир дар замони баҳрабардорӣ аз тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба хатти CASA-1000 хабар дод.

Ба гузориши сойти хабаргузории афғонистонии Пежвок, ба далели ниёзи ширкати фаронсавии созандаи истгоҳҳои барқи фишори қавӣ ба замони бештар, кишварҳо ва созмонҳои шарик дар тарҳи хатти CASA-1000, ба эҳтимоли зиёд таъхир дар муддати таъйиншуда ба манзури баҳрабардорӣ аз ин проекти энержии минтақаиро хоҳанд пазируфт.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон бо додани замони бештар ба ширкати фаронсавии “Alstom”, созандаи истгоҳҳои барқи фишори қавӣ, барои бахшҳои тоҷикистонӣ ва покистонии ин тарҳ мувофиқат кардаанд.

Ҳамчунин нашрияи покистонии “Express Tribune”, бо истинод ба як мақоми ҳукуматии ин кишвар, ки нахост номаш ифшо шавад навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир ширкатҳои “General Electrics” амрикоӣ, “Siemens”-и олмонӣ ва “Mitsubishi”-и ҷопонӣ барои мушорикат дар тарҳи сохти  хатти CASA-1000 ибрози омодагӣ кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси созишномаи аввалия, мебоист дар авохири соли 2018 кори сохти хатти CASA-1000 ба поён бирасад. Аз сӯи дигар ахиран кишварҳо ва созмонҳои шарик дар тарҳ хатти CASA-1000 мавзуи сохти истгоҳҳои барқии фишори қавӣ барои интиқоли барқ аз ду нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 1 ва 2” Тоҷикистон ба Навшаҳри Покистон бо истифода аз қаламрави Афғонистонро дубора ба муноқиса гузоштаанд.

Тарҳ интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба хатти CASA-1000 як тарҳи минтақаӣ аст, ки бозори хариду фурӯши барқ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё ба вуҷуд меоварад. Бо иҷрои ин тарҳ, дар фасли тобистон барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба 5 миллиард киловатт/соат барқро аз тариқи хатти CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.