Гулнора Каримова зинда аст
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i12995-Гулнора_Каримова_зинда_аст
Вакили швейдсарии Гулнора Каримова мегӯяд, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Ӯзбакистон зинда аст, вале дар шароити баде дар боздошти хонагӣ дар Тошканд нигоҳдорӣ мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 05, 2017 21:26 Asia/Dushanbe
  • Гулнора Каримова зинда аст

Вакили швейдсарии Гулнора Каримова мегӯяд, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Ӯзбакистон зинда аст, вале дар шароити баде дар боздошти хонагӣ дар Тошканд нигоҳдорӣ мешавад.

Грегуар Манж, вакили швейдсарии Гулнора Каримова мегӯяд, ки ӯ рӯзҳои 9-ум ва 10-уми декабр (2016) дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон бо духтари бузурги Ислом Каримов дар ҷараёни бозпурсиаш дар Додситонии кулли Ӯзбакистон мулоқот кардааст.

 Ба гуфтаи Манж, дар ин бозпурсӣ ду вакили маҳаллии Гулнора Каримова низ ҳузур доштанд.

Григорий Манж гуфтааст, бар хилофи овозаҳо, Гулнора Каримова ҳанӯз зинда аст, вале дар шаҳри Тошканд, дар ҳуҷрае дар канори манзилаш дар як шароити бад, ки ба гуфта ӯ “ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар нест”, ҳабс шудааст.

Дар моҳи ноябри соли гузаштаи мелодӣ дар матбуоти Ӯзбакистон бо такя ба манобеи хабарие, ки дар Кумитаи амнияти Ӯзбакистон буданд, гузоришҳое дар бораи марги эҳтимолии Гулнора Каримова мунташир шуда буд.

 Як манбаи амниятӣ бо ин иддао, ки шахсан дар маросими дафни Гулнора Каримова ширкат дошт, ба хабаргузории “Сентр 1” гуфт, ки Гулнора Каримоваро масмум карда буданд ва ӯ дар рӯзи 5-уми ноябр даргузашта аст.

Аммо чанд рӯз баъд аз интишор ин хабарҳо, Ислом Каримов (набераи Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқ) ва писари Гулнора Каримова дар мусоҳиба бо бахши ӯзбакии Би Би Си овозаҳо дар бораи марги модарашро рад кард ва гуфт, ӯ ҳамчунон дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.