Феврал 06, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Нишасти дуввуми Остона дар бораи буҳрони Сурия

Вазорати хориҷаи Қазоқистон эълом кард, коршиносони Эрон, Русия, Туркия ва СММ дар Остона, нишасти фанниеро барои гуфтугӯи муфассал дар бораи иҷрои тавофуқномаи оташбаси Сурия баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, вазорати умури хориҷаи Қазоқистон рӯзи душанбе эълом кард, илова бар коршиносони Эрон, Русия, Туркия ва Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони Урдун низ барои аввалин бор дар ин музокирот ширкат карданд.

 Нишасти коргурӯҳи муштараки намояндагони кишварҳои Русия - Туркия   Эрон дар бораи оташбас дар Сурия, соат 10 бомдод ба вақти маҳаллӣ оғоз ва дар ин нишаст қарор шуд, то як коргурӯҳи сеҷониба ба манзури назорат бар ҳусни иҷрои оташбас дар Сурия ташкил шавад.

Остона ду ҳафта қабл низ мизбони нишасте дар бораи буҳрони Сурия буд.

Барчасп