Феврал 12, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Комиссияи интихоботии Туркманистон эълом кард, интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар соати ҳафти субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст ва то соати 19 идома хоҳад дошт.

Дар ин давра аз интихобот, 9 номзад ҳузур доранд, ки аз моҳи гузашта таблиғот дар бораи барномаҳои худро оғоз кардаанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури кунунии Туркманистон бо номзад шудан дар ин давра аз интихобот, қасд дорад барои сеюмин бор як давраи ҳафтсолаи дигари раисиҷумҳури ин кишвар шавад.

Гуфта мешавад, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон тибқи раволи собиқ, ҳолати ташрифотӣ дорад ва пирӯзии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон қатъӣ аст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон охирин бор феврали соли 2012 баргузор шуд.