Феврал 12, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати ҳудуди 87 дарсадии раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон

Комиссияи Марказии интихоботи Туркманистон аз мушорикати ҳудуди 87 дарсадии воҷидини шароити раъй дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ то соати 15 -и имрӯз хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тренд”, ҳавзаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон соати 7-и субҳ ба вақт маҳаллӣ оғоз ба кор карда ва то соати 19 идома дорад.

Раъйгирӣ дар ду ҳазору 548 шӯъбаи раъйгирӣ, аз ҷумла 39 шӯъба дар кишварҳои хориҷӣ анҷом мешавад.

Ҳайате аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Ҳамсуд) ба унвони нозири ин интихобот дар Туркманистон ҳузур доранд.

Дар ин давра аз интихобот 9 номзад ҳузур доранд, ки аз моҳи гузашта таблиғот дар бораи барномаҳои худро оғоз кардаанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон бо номзад шудан дар ин давра аз интихобот, қасд дорад барои саввумин бор як давраи ҳафтсолаи дигар раиси ҷумҳурии ин кишвар шавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон охирин бор феврали соли 2012 баргузор шуда буд.

 

Барчасп